Мақомоти Туркманистон низоми нави таълимро ҷорӣ намуданд, ки бар асоси он муҳлати донишомӯзӣ дар макотиби миёнаи ин кишвар аз 10 ба 12 сол расонда шуд.
Тавре расонаҳои дохилии Туркманистон менависанд,
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури ин кишвар, бо судури фармони марбута, таъкид кардааст, ки ҳадафи ду сол зиёд намудани муҳлати таълим, фароҳам овардани имконот барои омӯзиш ва ошно гардидани насли наврас бо технологияи муосир мебошад.
Бар асоси низоми нави таҳсил наврасони туркман аз ин ба баъд дар сини 6-солагӣ ба мактаб рафта, ду соли ахир ба омӯзиши фанҳое машғул мешаванд, ки ба ихтисоси интихобнамудаашон рабт доранд.
Мӯҳр