Шаҳрдорӣ ба муносибати идҳои Рӯзи модарон ва Наврӯз дастур додааст, ки ба ҳар як зани кӯчарӯб дар шаҳри Душанбе 700 сомонӣ ба сифати туҳфа тақдим гардад.
Тавре аз шаҳрдорӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт, 2 ҳазору 507 зани кӯчарӯб ва 109 корманди дастгоҳи раис ва собиқадорони меҳнатро дар бар гирифта, барои кӯмаки якдафъаина ба онҳо 1 миллиону 812 ҳазор сомонӣ равона хоҳад шуд. Убайдуллоев саҳми занонро дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонии шаҳри Душанбе, баланд баҳогузорӣ карда, таъкид кардааст, ки маблағҳо барои қадрдонии онҳо аз фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷудо гардад.
Мӯҳр