Бахшҳо
02 мар 2013 16:55Рӯ ба рӯ

Посухҳои Акбари Турсонро интизор бошед!

Посухи Акбари Турсон, раҳбари Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи улуми Тоҷикистон, ба суолҳои хонандагони торнамои “Озодагон” базудӣ дар ҳамин ҷо нашр хоҳад шуд.

Ҷаноби Турсон баҳори соли 2011 раҳбари ин Пажӯҳишгоҳ таъин шуд. Ӯ то омаданаш ба ин мақом, 15 сол дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиста, ба таҳқиқ ва инчунин тадриси донишҷӯён машғул буд.

Ахиран номи ӯ дар робита ба баҳси имлои нави забони тоҷикӣ вирди забонҳо шуд. Баъзе расонаҳо аз қавли Акбари Турсон имлои нави забони тоҷикиро ноқис номиданд, дар ҳоле ки худи ӯ баъдан ин ҳама навиштаҳоро бепоя хонд.

Акбари Турсони 74-сола аз донишмандони шинохтаи тоҷик аст, ки дар замони ҷанги дохили Тоҷикистон кишварро тарк карда, баъдан бо даъвати раисиҷумҳур ба кишвар бозгашт. Ҳоло ӯ омодааст, ба ҳама саволи Шумо, хонандагони азиз, посух бигӯяд.
Мӯҳр
Суолхо ба устод А.Турсон:
1.Муносибати шахсии шумо ба фармоишоти ИСЛОМ?
2НазариШумо ба сиёсати имрузаи Точикистон вобаста ба дин, хоссатан ИСЛОМ?
3 Гояи миллии точикон рабте ба маърифати исломй дорад ё не ва то кадом андоза?
4.Аз барномахои макотиби миёна хорич кардани фанни "Маърифати динй ё исломй" амали хуб аст ё хатои махз? Ба чи далел?
5. Дар барномахои макотиби олй фанхои диншиносй, маърифати динй, таърихи адён,хоссатан ислом зарурати замон аст ё аломати акибмондагй ва хурофот?
6. Забонхои точикй, форсй, дарй якеанд ё 3- забон? Оё фарки байни ин забонхо аз тафовути байни лахчахои Хучандй, Кулобй,Гармй, Мастчохй,Самаркандй в.г. камтар нест?
7.Аз Конуни забон берун кардани вожаи точикй(форсй) ё точикй-форсй ва иваз кардани он ба "точикй" дурандешиву хирадмандии вакилону олимони забоншинос буд ё кутохандешиву тангназарй?
7.Дурй чустан ва безории баъзе (ё аксари) мансабдоронро аз кулли мероси адабию фархангии точикон, ки робитае бо ислом ва забони арабй доранд, чи гуна шарх медихед? Назари шумо ба ин раванд?
Хотима: Аввалан Худованд умратонро зиёда бикунад. То имруз хаёти бобаракоте доштед устод, вале баъди 75-солагй касе навчавон намешавад, бинобар ин акаллан Шумо чавобхои ошкор ва ончи дар дил доред, изхор мекардед нуран алонур мешуд Устоди гиромй, узр,аслан банда шаке надорам, ки чавобхо махз чунин хоханд буд.

Асрор
Ман савол надорам, балки арзи хол.
Устод! Иртиботи Шумо бо олимону донишмандони чахони калон аст.Мехостам аз ахволи мухочирон арзи хол кунам ,ки холи саги бесохибро доранд.Рузе нест,ки бародар ё хохаре кушта нашавад.
Ба фикрам агар мардуми кишвархо аз ин вахшиги огох мебуданд, мумкин ,ки ахвол хубтар мешуд.
Ташаккур!

Cавол ба Акбари Турсон.
Устод, бо ин харачу мараче, ки дар истифодаи харфи "у"-и задаву "у"-и оди руйи кор оварданд, магар бехтар нест, ки "у"-и задаро умуман аз имло берун кунем? Бигзор як "у" бошад, касе дар калимахо чи гуна талаффуз мекунад, ихтиёраш.

Устод А.Т.!
Хохиш мекунам, ки хамчун рафшанфикр ва ватанпарсат ба суоли он ки хокимяти хонаводаги дар сиёсати калон ба точикон хос аст ва ё на хайр? Оё ин моли истехсолкардаи точикон хамчун миллат аз Самониен ба мерос мондааст, ва то абад бо мост, ва ё ки ин як хатои таърих аст, ки нишонаи заифии акли сиёсиву идории ин миллат аст дар замони мост? Зеро таърихи асри 21 нишон дод ки он хам бофтаи системахои мустамликави буда бо баровардани ниёзхои чомеа ва тарафхои манфиатнори чахони аз байн бурда мешавад. Тачрубаи Шимоли Африко ва Эрон.....Пас рохи начот чист? Оё имкон дорад ки дар ин рох, яъне бо ба таври суньи нигох доштани ин система имкони аз байн рафтани сохти давлатдории милли вучуд надорад?!
Пас чи бояд кард Эй аквоми Шарк?!"


Наим,
Наим,

Огои Акбари Турсон!Шумо аслан мутахассиси сохаи филология,забону адабиёти точик хастед,ё физику кайхоншинос?Донистан мехохам,ки дар кадом сохаи илми кайхоншиноси,шумо хамчун олим комьёб шудаед.Ман хам мухочирам,мухочири кори да Россия.Дар сохтмон кор мекунам.Дар ИМА,шумо хамчун мухочир, мушаххас ба чи кор машгул будед?.Маъзарат мехохам,лутфан бигуед,ки шумо худро чисману маънави дар Точикистон бехтар хис мекардед,ё дар Амрико?.Шумо ба мухочирони кории Точикистон,каме хам.ки бошад.маслихат дода метавонед,ки ба ИМА рафта кор кунанд?Бо кадом забон шумо дар Амрико хамчун олими замони шурави ва баъдан олими Точикистонии форсзабон,бо хамсухбатхои худ сухан мекардед.Агар Раиси Чумхур шуморо даъват ба Точикистон намекард,оё барнамегаштед?Боз маъзарат аз шумо,магар хело мухим буд,даъвати президенти Точикистон барои шумо?Ман ин саволхоро барои чи додаам,чунки ман хеч гох донишчуи ягон мактаби олии Точикистон набудам. Ному насаби шуморо мешунидаму,асархову захматхои эчодии шуморо мутаассифона нахондаам.Вакте ки СССР пош хурд,хело хам чавон будам.Ташаккури бепоён ба шумо олими маъруфи мо,хело хам ифтихормандам аз чунин олими хамзабону хамватани хеш,воломакому пайгамбари илм Акбари Турсон!

Мухтарам Акбар Турсон!
Тачдиде, ки дар сохтори Академия бо пешниходоти Шумо ба амал омад, дар пешравии илми кишварамон таъсир расонида натавонист. Баръакс хар мох аз Шурохои илмии институтхои Академия пачка-пачка олимони куллан бесавод баромада истодааст. Ба назари ман хамон сохтори каблии дар замони Шурави созмонёфтаро бояд нигох медоштем ва барои вусъат додани Академия кушиш мекардем.
Танхо ба хотири номи Бобочон Гафуров дар Точикистон бояд ду Институти шаркшиноси ва мероси хатти амал мекард, аммо бо пешниходи рохбарони Академия фаъолияти он махдуд шуд. Ва Шумо раиси фишурдаи ду Институт шудед? Дар тули дусоли раисиатон чи корхои мухими илмиро Шумо ва кормандонатон анчом доданд, ки аз он ифтихор кард?

Дуруд ба Шумо устоди бузургвор!
Банда омузгори яке аз мактабхои пойтахтам. Аз байн бардоштани харфи "у"- и дароз мо муаллимонро ба иштибох овардааст. Дигар намедонем, ки ба хонандагон истифодаи ин харфро чи гуна омузем. Ба ин хотир ба Шумо мехохам бо ду савол мурочиат кунам.
1.Оё тагйироте ки Кумитаи ислохот ворид намуд амали конуни гирифт ё хануз не?
2. То чи андоза тагйироти вориднамудаи мазкур вобаста ба истифодаи "у"-и дароз асоси илми дорад? Оё хадаф аз бархам додани харфи "у"-и дароз наздик намудани забони адабии точик ба забони махалли хокимияти имруза нест? Зеро тагйироти мазкурро аксари коршиносон чун махалчиги бахо дода истодаанд.
Каблан барои чавоб ташаккур

Устод, Салом, мехостам дар бораи китобфурушие, ки дар назди Институти забон ва адабиёти академия буд, пурсам. Дар он чо бехтарин китобхо аз даст фурухта мешуданд, холо он китобфуруши баста шуд, оё намешавад, ки онро дар тархи зеботар ташкил кунеД. Бовар кунед, дар ин замонаи камкитобхон он бехтарин китобфуруши буд, саломат бошед!

Устоди арчманд аввало салом. Баъди салом ин ки ман як савол дорам.
Ба Шумо чи ва кадом омил таъсир расонид, ки ба Точикистон баргардед? Факат нагуед, ки ёди Ватан

Устод, ду суоли бастаи якдигар дорам:

1. Дуруст аст, ки Шумо солщои ҳаштодуми асри гузашта маъошатон аз Академияи Улуми Тоҷикистон ҳар моҳ ба Бозор Собир мегузаронидед?

2. Ҳатто Шумо аз Амрико истода ҳам ба шодравон Бӯринисо Бердиева мадади пулӣ мекардед?
Умуман ба киҳо мадад расонидаед?

Ташаккур,
Раҳгузари Давлат

Мухлис
Салом!
Ман медонам, ки шумо "Растохез" ва рохбари он Тохири Абдучабборро бад мебинед, чаро? Дар холе ки у барои як насл тимсоли бедори буд ва мемонад?

1. Оё бо хамин лашкари филологхои дар атрофатон чамъомада, илми адабиётшиноси ва забоншиносии моро, гирифтем ки дар сатхи байнамилали не дар сатхи худамон хамчун рахбар пешбурда метавонем?
2. Солхои чанги шахрванди мусохибахоятонро дар матбуоти Эрон хондаам. Дар онхо шумо ислохотгар хастед, вале холо ки аз мухлати рохбариатон фосилаи зиёд гузашта истодааст ман он Акбари Турсони ислохатгарро намебинам?!
3. Шумо дар нишасти руинамои фарханги "Доро" гуфтед, ки "мо фарханг сезабонаи форси-дари-точики месозем", хохиш мекунам, дакикан бигуед ки алфози модарро ба забони форси мансуб медонед, дари ё точики. Максади маро фахмидагистед-а?? Чаро ба забони шифохи ин кадар бад харф мезанед?!

Парвиз
1) Устоди азиз, оё Шумо бо сохтор ва тарзи кори Академияи илмхои ЧТ рози хастед?
2) Оё муттахид будани Интситутхои шаркшиноси ва Забону адабиёт ба нафъи кор аст ё баръакс натичахои хуб намедихад?

ва хамчунин:
1. Проблемаи асосие ки дар назди илми точик меистад, ба андешаи Шумо кадом аст?
2. Маоши олим бояд ба хисоби миёна чанд сомони бошад, ки ба илм чиддан машгул шавад?
3. Чавонон бо сабаби кам будани маош ба сохаи илм кам меоянд. Шумо барои чалби олимони чавон чи тадбирхо меандешед?

Аз хонанда:

Салом устоди гироми чанд суоли "сахт" дорам наранчед!
1. Вакт шумо аз Амрико ба Точикистон омадед ва вазифа гирифтед як журналист (Хуршеди Атовуллох) навишт дар калонкаи худ бо номи "Дудбаро" ва он чо гуфт, ки хукумат аз нотавони шуморо овард ва ман хаминтур фахмидам ки шумо ба хукумат имич замм кардед, яъне шумо бо ин кадар обру хануз аз тасмиматон норохат нестед
2. Агар шумо ба хукумат "нафоред" албатта аввал часорати аз кор гирифтани шуморо надоранд, ва дувуман хатман шуморо барои наранчиданатон ба парлумон бадарга мекунанд, агар вакил шавед чи кор мекунед?
3. Чаро точикони шимолро дурага мегянд?
4. Чаро ин кадар шуморо бад мебинанд, махсусан дар факултаи Осиё ва аврупо?
5. Чое шумо гуфтед ки чи даркор дар давлати дуняви чопи хадису куръон, магар президент нагуфт ки куръонхоро чоп карда бепул таксим кунед, ва чаро шумо зидди чопи хадису куръонед дар холе ки 99 фоизи мо мусулмон!!!!
Ташаккур устод


Муҳаммад
Устод, салом.
Воқеан, дар мавриди имлои нави забони тоҷикӣ назари Шумо чист? Ин имлои нав аз камбудҳо орӣ аст, ё камбудҳои зиёд дорад? Ин камбудҳо аз назари Шумо кадоманд?
Қаблан сипосгузорам.
Муҳаммад

Дуруд ба устоди гавхаршинос ва миллатдуст! Устод аз Шумо дархост ва хохиш дорем, ки бо мо донишчуёни Донишгохи давлатии Хучанд, бахши суханшиноси дидоре анчом дода бошед!!! Сипосгузорам! Ва саволи аввалинам ин аст, ки нигохи Шумо ба рузноманигорон чи гуна аст? Ва саволи дигар, тавсияи шумо ба онхое ки равиши шуморо интихоб кардан мехоханду дар ин рох кардор доранд? Мамунунам!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)