Рӯзи 1-уми март бар асари сониҳаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон ҳалок гардидааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Бахтовар Нуралиеви 25-сола, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи Андоз ва Ҳуқуқ дар килломерти 153-юми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба канори чапи роҳ мебарояд ва ба чуқурии 300-метр чаппа мегардад. Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа худи ронанда Бахтовар Нуралиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири автомашина Мақсуд Сангинови 26-сола, сокини ноҳияи Спитамен ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Мӯҳр