Додгоҳи олии Испания қарори раёсати шаҳри Ларидаи ин кишварро, дар мавриди манъи пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бекор кард.
Тавре хабаргузориҳои ин кишвар иттилоъ медиҳанд, Додгоҳи олии Испания, қарори шаҳрдории Ларидаро ба хотири мухолифаташ бо қонуни озодии виҷдон дар ин кишвар лағв намуда, хатар доштани пӯшидани ҳиҷобро ба амнияти Испания беасос хонд. Додгоҳ далели ин ҳукмашро, инчунин дар он гуфтааст, ки манъи ҳиҷоб боиси аз хона набаромадани занҳои ҳиҷобпӯш ва аз ҷомеа ҷудо шудани онҳо мегардад.
Чанде қабл шаҳрдории шаҳри Ларидаи Испания пӯшидани ҳиҷоб дар ҷойҳои ҷамъиятиро ба далели хатар доштани он ба амнияти ин кишвар мамнуъ эълон намуда буд. Гуфта мешавад, ҳукми Додгоҳи олии Испания оиди иҷозати ҳиҷобпӯшӣ, дар пайи даст ба гирдиҳамоӣ задани шаҳрвандони мусулмони ин кишвар, ки ҳудуди якуним миллион нафар арзёбӣ мешаванд, содир гардидааст.
Мӯҳр