Бахшҳо
02 мар 2013 09:01Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Иттифоқи истеъмолгарон: “Барқи тоҷик” дастури ҳукуматро иҷро намекунад

Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон мегӯяд, дастури ҳукумат оиди таъминоти 12-соатаи мардуми навоҳӣ бо барқ пурра иҷро намегардад.

Масъулини ин созмон, ки таъминоти ҳаррӯзаи мардуми навоҳиро бо барқ пайгирӣ мекунанд ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ки айни ҳол бештар аз нисфи ноҳияҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 12 соат камтар барқ мегиранд. Манбаъ аз ҷумла мисол овард, ки 28-уми феврал ба ҷуз аз ноҳияҳои Ҳисор, Зафаробод, Спитамен, Тавилдара, Ҷаббор Расулов ва Ғончӣ дар навоҳии дигари кишвар мардум аз 12 соат камтар барқ гирифтааст. Ҳамсуҳбати мо ҳаҷми таъминоти барқро дар ноҳияи Рашт, Нуробод, Конибодом, Мастчои кӯҳӣ, Мастчо ва Ёвон ҳамагӣ 8 соат дар як шабонарӯз арзёбӣ карда, афзуд, ки дар ноҳияи Фархор ин нишондод ба 6 соат баробар будааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, ки бо дастури ҳукумати Тоҷикистон, сар аз 25 –уми феврал таъминоти мардуми навоҳӣ бо барқ ба 12 соат дар як шабонарӯз расонда шудааст. Ӯ гуфт, “бо назардошти шароити мусоиди истеҳсол ва интиқоли барқ дар кишвар ҳукумат дастур додааст, ки мардуми навоҳӣ дар як шабонарӯз на камтар аз 12 соат бо барқ таъмин гарданд. Ба муштариён аз соати 05:00 то соати 11-и рӯз ва аз соати 17 то 23-и шаб барқ дода мешавад.”

Дар мавриди санаи лағви пурраи лимит дар Тоҷикистон Ёдгорӣ таъкид кард, ки бо назардошти носозгориҳои эҳтимолии табиат ҳанӯз дақиқ нест. Ӯ афзуд, ки “Барқи тоҷик” ният дорад, таъминоти муштариёнро бо барқ зина ба зина зиёд намуда, лимитро нисбат ба солҳои пеш барвақттар бартараф кунад.
Мӯҳр
Tojik
Барқи тоҷик на ин ки дастури хукумат балки худи вичдонро ичро намекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)