Туркманистон дар феҳристи "бадбахттарин" кишварҳои дунё

Ахиран Business Insider индекси бадбахтӣ ё шохиси сахтӣ (Misery Index)-ро нашр кард.
Misery Index-шохиси иқтисодӣ аст, ки онро Артур Окун, иқтисодшиноси амрикоӣ, дар соли 1970-и асри гузашта бунёд гузоштааст. Ҳангоми таҳлилҳои индекси мазкур маълумот оид ба сатҳи бекорӣ ва таваррумро ба назар мегиранд. Гуфта мешавад, маҳз ҳамин ду нишондод ба мардуми оддӣ таъсири зиёд мегузорад. Муаллифони индекс бо такя ба Китоби ҷаҳонии далелҳои Раёсати марказии иктишофии ИМА (The World Factbook) шохиси 197 кишварро муайян кардаанд.
Туркманистон, ки мизони бекорӣ 60 дар сад ва сатҳи таваррум 10,5 фоиз доштааст, дар ин феҳраст бо дарёфти 70,5 хол дар мақоми панҷум қарор гирифтааст. Ба маълумоти Business Insider, нисфи мардуми қобили меҳнати Туркманистон ба корҳои кишоварзӣ машғул будаанд, дар ҳоле ки даромади давлат аз ин бахш ҳамагӣ 8 дар садро ташкил медиҳад. «Ин кишвар аз фасод ва мудирияти қудратманди истибдодӣ ранҷ мебарад ва беҳбуд ёфтани авзоъ ғайримумкин аст»,-навиштааст нашрия.
Вазъи аз ин сангинтар дар Белорусия будааст (71 балл). Буркина-Фасо 81,5 ва Либерия 90,5 балро соҳиб шудаанд. Дар зинаи аввал Зимбабве бо 103,3 балл қарор дорад. Дар ин кишвари африқоӣ 95 фоизи аҳолӣ аз бекор будаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |