Андоз аз сагу гурба дар Қазоқистон

Созмони ҳимояи ҳайвоноти хонагӣ - “Сare-Забота”-и Қазоқистон пешниҳод кардааст, ки барои сагу гурба ва дигар ҳайвоноти хонагӣ андоз ҷорӣ гардад.
Сомонаи парлумони Қазоқистон аз қавли Ирина Фурсова, раиси созмони “Сare – Забота”, навиштааст, ки ин иқдом ба ҳимояи ҳайвонҳои хонагӣ равона шудааст. Фурсова таъкид кардааст, ки солҳои охир мушкили сагу гурбаҳои бесоҳиб дар Қазоқистон хеле мубрам гардидааст. Раиси созмони “Сare – Забота”изҳори боварӣ намудааст, ки вақте мақомот барои ҷамъоварии андоз теъдоди ҳайвонҳои хонагиро таҳти назорат мегиранд, мушкили ҳайвонҳои бесоҳиб ҳал хоҳад шуд: “Мардум пеш аз он, ки чору панҷ ҳайвони хонагӣ гирифта, баъдан сар диҳанд, 10 бор фикр хоҳанд кард. Аз тарафи дигар ҳайвонҳоро берун нахоҳанд кард, зеро барои ин кор ҷаримаи калон ҷорӣ хоҳад шуд.”
Фурсова барои исботи самаранокии ин кор, таҷрибаи Олмонро мисол овардааст, ки дар он ҷо ҳар қадар ҳайвон дар хона зиёд бошад, ҳамон қадар соҳиби он андози бештар хоҳад супурд.
Роҳбари созмони “Сare-Забота” афзудааст, ки андоз бояд зина ба зина ҷорӣ шавад, вагарна “бибиҳое, ки сагу гурба доранд, барои гурез аз пардохтҳо талош хоҳанд кард, ки ҳар чӣ зудтар аз ҳайвоноташон халос шаванд. Ин мушкили ҳайвоноти бесоҳибро дар кишвар якбора зиёд мекунад.”
Фурсова барои ҷилавгирӣ аз ин ҳол, зарур хондааст, ки миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шавад ва андозҳо давоми 10-15 соли оянда ҷорӣ гарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |