Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ФМС) мегӯяд, 400 ҳазор тоҷик дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд.
Бино ба иттилои хабаргузории «Интерфакс», тоҷикон дар «рейтинг»-и муҳоҷирони ғайриқонунии Русия дар зинаи сеюм меистанд. Мақоми аввалро шаҳрвандони Узбакистон бо 900 ҳазор ҷамъият аз худ кардаанд. Теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунии Украина 500 ҳазор будааст.
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар маҷмуъ теъдоди муҳоҷиронеро, ки дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ кору фаъолият доранд, 3 миллиону 300 ҳазор арзёбӣ мекунад. Ба қавли
Константин Ромодановский, роҳбари ХФМР, ин афрод муҳлати иқомати қонунӣ дар қаламрави Русияро нақз кардаанд.
Ба иттилои сомонаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, аввали соли равон дар ҳудуди Русия дар маҷмуъ 1 миллиону 60 ҳазор тоҷик иқомат доштааст. Теъдоди шаҳрвандони Узбакистон дар Русия 2 миллиону 300 ҳазор ва аз Украина 1 миллиону 400 ҳазор нафарро ташкил додааст. Хадамоти федералии муҳоҷират шумораи озарбойҷониҳоро 620 ҳазор ва қирғизҳоро 540 ҳазор нафар арзёбӣ мекунад.
Мӯҳр