Истиқболи Муродалӣ Алимардон аз "бозорӣ" шудани замин
Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири Тоҷикистон, аз тағйироти нав дар қонуни замин истиқбол карда, онро ба манфиати кишоварзони тоҷик арзёбӣ кард.
Ӯ, ки рӯзи ҷумъаи якуми март дар намоишгоҳи байналмилалии Агро-Экспо Хатлон-2013, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, суҳбат мекард, гуфт “тағйирот дар Кодекси замин ба деҳқони тоҷик ҳуқуқ дод, ки замини ӯ бозорӣ шавад. Бар асоси ин тағйирот, деҳқон метавонад, замини худро ба гарав монад, фурӯшад, ба иҷора бидиҳад ё ба наслҳои оянда боқӣ гузорад.”
Муовини сарвазири Тоҷикистон афзуд, ислоҳҳо дар қонуни замин озодии деҳқонро кафолат медиҳад: «Кодекси замин ба хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқ медиҳад, ки зироати дилхоҳашро кишт намояду бо нархи дилхоҳ ба касе хоҳад, фурӯшад».
Ин изҳороти Алимардон дар ҳолест, ки ҳафтаи равон парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи ипотека” тағйиру иловаҳое ворид намуд, ки бар пояи он шаҳрвандони кишвар минбаъд метавонанд, заминро ба ивази қарзҳои бонкӣ ба гарав гузоранд. Аммо бархе аз коршиносони тоҷик ин ислоҳотро мухолифи Қонуни асосии Тоҷикистон донистанд, ки заминро моликияти истисноии давлат эълон кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |