Ҳавопаймо бо 140 мусофири тоҷик ба карантин фиристода шуд

Табибони рус дар мусофирони ҳавопаймое, ки аз Тоҷикистон ба шаҳри Ростови лаби Дон парвоз кардааст, нишонаҳои бемории халера ё худ ваборо ёфтаанд.
Тавре хабаргузориҳои русӣ менависанд, дар ин ҳавопаймо ҳудуди 140 шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, ки ният доштаанд, тавассути Ростов ба шаҳри Маскав сафар намоянд. Аммо дар ҳаво ҳайати тайёра мушоҳида кардааст, ки ду нафар мусофир зиёд ба нуктаи санитарии тайёра мераванд ва аз ин ҳол ба хадамоти рӯизаминии фурудгоҳи Ростов хабар додаанд. Пас аз поин омадани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Ростови лаби Дон, табибон ташхиси пешакӣ гузаронда, дар ду нафар мусофир нишонаи бемории вабо ё худ халераро ёфтаанд. Бо назардошти ин, тайёра бо ҳамаи мусофиронаш ба карантин равона шудааст. Натиҷаи ниҳоии ташхиси тиббӣ дар назар аст, ки бегоҳи имрӯз, 1 март, муайян шавад.
Масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон ифшои бемориро дар мусофирони тоҷик, аз эҳтимол дур гуфта, муътақиданд, ки баъд аз дақиқ шудани натиҷаи ниҳоии ташхис шаҳрвандони бистаришуда мураххас хоҳанд шуд.
Табибон мегӯянд, вабо бемории хатарноки сироятист, ки сабаби дарунрав, қай ва хушкшавии оби бадан мешавад ва одатан дар тобистон афзоиш ёфта, дар сурати саривақт табобат нашудан, маргбор аст. Сарчашми асосии ин беморӣ оби ифлос арзёбӣ мегардад ва хуруҷи охиронаш дар Тоҷикистон соли 1993 сабт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |