"Писари подшоҳ"-и узбак аз ҳаққи овозхонӣ маҳрум шуд
Моҷаро бо милиса Абдулло Қурбонов, сарояндаи узбакро аз литсензия маҳрум кард. Ӯ акнун наметавонад ба сафарҳои ҳунарӣ биравад ё консерт бидиҳад.
Дар ин маврид «Узбекнаво», иттиҳодияи фарҳангии Узбакистон изҳорот дода, гуфтааст, ки шурӯъ аз 22-юми феврали соли 2013 фаъолияти Абдулло Қурбонов қатъ карда шуд. «Риояи қонунҳои Узбекистон ва қарорҳои ҳукумат барои ҳар сароянда қарз аст»,-омадааст дар изҳороти «Узбекнаво».
Қаблан дар интернет ва телефонҳои ҳамроҳ навори видеоие паҳн шуд, ки Қурбонов дар ҳолати мастӣ дар Раёсати корҳои дохила милисаҳоро дашном дода, унвонии ВКД ва Хадамоти амнияти миллӣ ҳарфҳои носазо мегӯяд. Сароянда, кормандони милисаро, ки талоши ором кардани ӯро доранд, таҳдиди пушти панҷара кашидан намуда, худро «писари подшоҳ» ном мебарад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |