Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар нуқтаҳои саррофии шаҳри Душанбе арзиши як доллар зимни харид 4,8400 ва зимни фурӯш 4,8585 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондоди ҳафтаи гузашта поинтар аст.
Тавре Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи бонки мазкур, ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар қаламрави мамлакат қурби пасттарини доллар, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Хоруғ сабт шудааст, ки 4,8000- 4,8200 сомониро ташкил медиҳад. Ӯ афзуд, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Хуҷанд як доллар бо арзиши 4,8500-4,8600, Курғон-теппа 4,8500-4,8600 ва Кӯлоб 4,8500 - 4,8700 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.
Ба гуфтаи Қурбонов, тайи як ҳафтаи охир, қурби миёнаи рубли русӣ ва евро низ поин рафта, мувофиқан ба 0,1576-0,1586 ва 6,3505-6,3740 сомонӣ баробар шудааст.
Мӯҳр