"Эрон дигар аст!" Намоишгоҳи аксҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар Бишкек
Дар Бишкек, маркази Қирғизистон, намоишгоҳи аксҳои Эрон баргузор шуд, ки ҳадафи он муаррифии Ҷумҳурии Исломӣ буд. Дар ин намоишгоҳ, ки бо ҳимояти хабаргузории "Форс" ва Фонди ҷамъиятии Александр Князев баргузор гардид, 150 акси хабарнигор Михаил Рогожин ба намоиш гузошта шуд. Ҷаноби Рогожин гуфт, бо ин аксҳо мехоҳад тасаввури мардум дар бораи Эронро ба гунаи мусбат тағйир бидиҳад.
Қосими Бекмуҳаммад, раҳбари дафтари хабаргузории "Форс" дар Душанбе, ки дар ин намоишгоҳ ҳузур дошт, гуфт, "мо мехоҳем нишон диҳем, ки Эрон тамоман дигар аст." Александр Князев ҳам мегӯяд, он чи ки дар бораи Эрон мегӯянд, бо воқеияти ин кишвар мувофиқ нест: "Барои мисол, сатҳи даромади сокинон дар Эрон дар муқоиса ба Қирғизистону Тоҷикистон болотар аст. Ҳарчанд баъзе маҳдудиятҳо дар мавриди либоспӯшӣ ҷорӣ шудааст, аммо ин маънои ақибмондагии Эронро надорад."
Ин намоишгоҳ то се ҳафтаи дигар дар пойтахти Қирғизистон идома хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |