Додари Толиб Айёмбеков ба 17 соли зиндон маҳкум шуд
Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов, бародар ва ронандаи Толиб Айёмбеков, дар куштори раиси идораи амнияти Бадахшон, генерал Абдулло Назаров, гунаҳкор дониста шуда, бо тасарруфи амвол аввалӣ ба 17 ва дуюмӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон”, вакили мудофеи маҳкумшудагон, Файзи Олӣ хабар дода, афзуд, ки зерҳимояаш Оқил Айёмбеков аз ҳукми додгоҳ розист. Аммо ба гуфтаи вакили мудофеъ ҳукми додгоҳ нисбати Ҳамза Муродов ноодилона аст ва аз болои он ба додгоҳи зинаи баландтар шикоят хоҳанд кард. Ба гуфтаи вакили мудофеъ гуноҳи Ҳамза Муродов дар он аст, ки аз қатли Абдулло Назаров ба мақомот хабар надодааст: “Худи Муродов дар ҳамла ба генерал Абдулло Назаров иштирок накардааст. Бино ба ин 16 соли зиндон ҳукми аз ҳад вазнин аст.”
Айбдоркунандаи давлатии парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров барои Оқил Аёмбеков 17,5 ва Ҳамза Муродов 16,5 соли зиндонро талаб карда буд. Ба гуфтаи тафтишот тамоми иттиҳомот алайҳи Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов ба куштор, сӯиқасд ба ҷони намояндаи давлат ва тасарруфи силоҳ тасдиқи худро ёфтааст.
Вакили мудофеъ аз додгоҳ талаб карда буд, ки нисбати Оқил Айёбеков моддаи расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марг овардааст, татбиқ шавад. Ба таъкиди Файзи Олӣ куштор бо амри тасодуф ба вуқӯъ пайваста, зерҳимояҳояш аз лаҳзаи аввал барои наҷоти Назаров талош кардаанд.
Генерал Абдулло Назаров, сардори собиқи раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, рӯзи 21 июл дар мавзеи “Ниводак”, наздикиҳои шаҳри Хоруғ кушта шуд. Мақомот дар куштори генерал чор нафарро мутаҳҳам карда буданд, аммо нисбати ду нафари дигар, ба далели дар қайди ҳаёт набуданашон парвандаи ҷиноӣ қатъ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |