Додгоҳи шаҳри Дубай баррасии парвандаи истирдоди Умаралӣ Қувватовро ба Тоҷикистон то 10-уми март ба таъхир андохтааст.
Дар ин бора мақомоти пулиси Дубай ба хабаргузориҳои араб иттилоъ додаанд.
Умаралӣ Қувватов, соҳибкори тоҷик, ки гуфта мешавад, зери фишори наздикони раисиҷумҳур ба Маскав фирор кард, тобистони соли 2012 аз пойтахти Русия дар бораи таъсиси созмони мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, бо номи “Гурӯҳи 24” изҳорот паҳн намуд. Ӯ рӯзи 23-юми декабри соли гузашта дар фурудгоҳи аморати Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд ва дертар мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин боздошт бо дархости онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд барои истирдоди Қувватов тамоми асноди заруриро ба Дубай ирсол карда, интизори ҷавоби ин кишвар мебошанд. Ҳомиёни Қувватов мегӯянд, иттиҳомот алайҳи ӯ ба фаъолияти сиёсиаш рабт доранд ва бояд аз истирдодаш ба Душанбе ҷилавгирӣ шавад.
Мӯҳр