Ҳаваскорони нобинои Кӯлоб ба маблағ ниёз доранд
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кӯлоб барои ансамбли навтаъсиси нобиноёни ин шаҳр 10 ҳазор сомонӣ кумак кардааст.
Ин дастаи ҳаваскорон, дар назди чамъияти нобиноёни Кӯлоб бо ибтикори, Раҷабалӣ Ҳасанов, як тан нобинои дигар, ташкил шуда, айни ҳол 10-нафар сарояндаю раққосҳои нобиноро дар бар мегирад.
Раҷабалӣ Ҳасанов, сардори даста, мегӯяд, дар оянда ният доранд дар навоҳии Хатлон консертҳо барпо намоянд: «Барои амалӣ шудани нақшаамон тайёрии кофӣ дидаем ва боварӣ дорем, ки мақбули тамошобин ҳам мегардем. Барои ба мақсад расидан танҳо як мушкил дорем, ки нарасидани маблағ аст.»
Барои ҳалли ин мушкил, дастаи ҳаваскорони нобинои Кӯлоб, дар бонки шаҳрӣ ҳисоби бонкӣ кушодааст, ки то имрӯз, ба ғайр аз ҳукумати шаҳр, дигар касе ба он маблағ нагузарндааст.
Бино ба иттилои расмӣ, дар навоҳии Кӯлоб зиёда аз 500 нобино иқомат доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |