Чархаи дувуми “Сангтӯда-2” дар Наврӯз фаъол мешавад
Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, гуфтааст, чархаи дувуми нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз фаъол хоҳад шуд. Қарор аст, дар маросими ба корандозии чархаи дувуми ин нерӯгоҳ раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ ширкат кунад.
Гуфта мешавад, Аҳмадинажод баъд аз таҷлили расмии Наврӯз дар Ашқобод вориди Душанбе хоҳад шуд. Нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллар саҳми Тоҷикистон бунёд шудааст. Чархаи нахустини он моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки раҳбарони Тоҷикистону Эрон фаъол ва пас аз се моҳи давраи озмоишӣ ба тавлиди барқ шуруъ кард.
Ҳафтаи гузашта сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ширкати “Барқи тоҷик” хост, то 12 миллион доллар қарзаш аз “Сангтӯда-2”-ро пардохт намояд. Ҳарчанд ҷониби “Барқи тоҷик” қарзи худ аз “Сангтӯда-2”-ро эътироф намуд, вале дар ин замина то ҳол ҷавоби расмӣ надодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |