Қазоқҳо вориди бозори мусофиркашонии Тоҷикистон мешаванд
Вазорати нақлиёти Қазоқистон мегӯяд, хатсайрҳои ҳавоии пайвандгари ин кишвар бо Тоҷикистон афзоиш хоҳанд ёфт.
Ин ниҳод аз натиҷаи гуфтушунидҳояш бо мақомоти ҳавонавардии тоҷик иттилоия паҳн кардааст, ки миёни Остона ва Душанбе хатcайри нави ҳавоӣ кушода хоҳад шуд. Бар асоси тавофуқоти мақомоти тоҷику қазоқ, дар марҳилаи аввал дар ин хатсайр ҳафтае ду парвоз сурат хоҳад гирифт. Инчунин, созиш шудааст, ки ширкатҳои ҳавоии Қазоқистон ҳақ доранд, ба яке аз чор шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб мувофиқи ихтиёри худ парвозҳо анҷом диҳанд. Ҳамзамон ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон низ барои парвозҳо ба Остона, Алмаато, Тароз ва Чимкент иҷозат гирифтаанд.
Вазорати нақлиёти Қазоқистон гуфтааст, то ҳол парвозҳои мунтазам миёни Қазоқистону Тоҷикистон танҳо дар хатсайри Алмаато-Душанбе амалӣ мешуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |