Ифтитоҳи парванда барои латукӯби сухангӯи Хадамоти гумрук
Мақомоти пулис аз рӯи ҳодисаи ҳамла ба Абдураҳими Умариён, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ҳамла ва латукӯби Абдураҳими Умариён бегоҳи рӯзи 27 –уми феврал рух дода, кормандони пулис баъд аз боздид аз ҷойи ҳодиса ба таҳқиқи он шуруъ кардаанд. Ба гуфтаи Асаддулоев, айни ҳол гумонбаре дар ин ҳодиса боздошт нашудааст.
Худи Умариён, мегӯяд, шаби 27-уми феврал дар назди бозори маҳаллаи 103-юми пойтахт аз сӯи 4 нафари ношинос мавриди латукӯб қарор гирифтааст. Ӯ афзуд, дар натиҷаи зарбу лат аз ҳуш рафтааст ва вақте ба худ меояд, аз як роҳгузар хоҳиш мекунад, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ занг занад. Ба гуфтаи ҷабрдида, кормандони милиса пас аз огоҳӣ фавран дар ҷои ҳодиса ҳозир шуда, дар интиқолаш ба беморхонаи Қарияи Боло кӯмак намудаанд.
Ӯ дар суҳбат бо “Озодагон” афзуд, баъд аз ташхиси табибон аз беморхона мураххас шуда, айни ҳол берун аз шаҳри Душанбе қарор дорад.
Ҷаноби Умаров чанд соли охир аст, ки дар дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор мекунад ва борҳо дар бораи вазъи гумрукчиён ва қочоқи сӯзишворӣ дар марз гузориш додааст. Вай то омаданаш ба Хадамоти гумрук дар дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ кор кардааст.
Ин ҳодисаи нахустини латукӯби хабарнигорон дар Тоҷикистон нест. Аз ин пеш, Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи “Наҷот” ва Далер Шарифов, раҳбари ҳаракати “Қадам ба қадам” ҳам мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, аммо омилони латукӯби онҳо то ҳол ошкор нашудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |