Комунистони Тоҷикистон дар Душанбе анҷумани навбатии ҳизбашонро баргузор мекунанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Шодӣ Шабдолов, райиси ин ташкилоти сиёсӣ иттилоъ дод, ин съезди 29-уми ҲКТ буда, дар рӯзи 9-уми июл, зимни ҳамойиш баррасии масоили марбут ба фаъолияти ҳизб ва аъзоёни он дар назар аст.
Ҳамзамон, дар анҷуман ҳисоботи сарвари ҳизб оид ба фаъолияти панҷсола шунида шуда, роҳбари нави он интихоб мегардад.
Манбаъ афзуд, ба анҷумани навбатӣ вакилон аз саросари кишвар даъват шуда, бо сабаби камбуди молӣ намояндагони хориҷӣ ширкат карда наметавонанд. Шодӣ Шабдолов мегӯяд, айни замон 45 ҳазор нафар узвияти ҲКТ-ро дошта, тайи чанд соли ахир теъдоди аъзоёни онҳо 5 ҳазор афзудааст. Бино ба қавли ӯ, аз ин теъдод 40 дарсадашонро бонувон ва 60 фоизи дигарро ҷавонон ташкил медиҳад. {jathumbnail off}
Мӯҳр