Масоили густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Исроил, рӯзи 27 феврал, зимни мулоқоти дипломатҳои ин ду кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шудаанд.
Тавре вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин мулоқот ҳайати дипломатҳои тоҷикро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон,
Низомиддин Зоҳидов ва ҷониби Исроилро муовини Директори генералии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, хонум Анна Азарӣ роҳбарӣ намудаанд.
Ба иттилои манбаъ зимни машваратҳои дуҷониба баробари рушди муносибатҳои тарафайн, ҷонибҳо ҳамчунин мушкилиҳои глобалии ҷаҳон ва минтақаи ИДМ, вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Масъулини вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар поёни мулоқот ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Исроил ба имзо расид.
Мӯҳр