Шоми 25 –ум феврал, дар қисмати шимолии шаҳри Маскав як ноболиғи 15-солаи тоҷик кушта шудааст.
Тавре хабаргузории «Интерфакс», аз қавли пулиси шаҳри Маскав хабар медиҳад, шоми 25-уми феврал, тахминан соати 22 : 30 навраси тоҷик, ки хонандаи синфи 9-уми яке аз мактабҳои пойтахти Русия будааст, дар наздикии истгоҳи метрои "Петровско-Разумовская" аз тарафи ашхоси номаълум бо зарби корд ба қатл расидааст.
Ба иттилои манбаъ ин шаҳрванди тоҷик ҳамроҳи волидайнаш дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекардааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, писарбачаи шоми 25 феврал кушташуда Абдуғаниев Муқимҷон Мухторович ном дошта зодаи Тоҷикистон аст. Масъулини сафорат мегӯянд, аз ҷузъиёти ҳодиса минбаъд гузориш хоҳанд дод.
Мӯҳр