Барф кори фурудгоҳи Душанберо халалдор накардааст
Масъулини “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” мегӯянд, боришоти барф дар пойтахт ба кори фурудгоҳ халал ворид накардааст.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳ, рӯзи 27 – уми феврал, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошт, ки парвозу нишасти тайёраҳо дар хатсайрҳои дохилию хориҷӣ аз рӯи реҷа сурат мегирад: “Танҳо тайёраҳо бо маводи зидди яхбандӣ коркард мешаванд ва баъдан иҷозат медиҳем, ки парвзоз кунанд. Дигар фаъолияти фурудгоҳ аз рӯи ҷадвали пешбинишуда сурат мегирад”.
Тибқи иттилои сомонаи расмии фурудгоҳ, имрӯз парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба Маскав, Сочи, Истанбул, Алмато, Бишкек, Екатеринбург, Дубай, Краснодар, Урумчӣ ва Хуҷанд дар назар буда, парвоз ба Хоруғ ба таъхир гузошта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |