Садамаи маргбор дар Мурғоб

Бар асари сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мурғоб як ҷавони 27 – сола ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохила ба хабаругзории “Озодагон” иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, Каримҷон Муродбекови 27 сола, сокини деҳаи Аличули ноҳияи Мурғоб, аснои ҳаракат аз самти маркази ҷамоати Аличул ба тарафи Мурғоб дар километри 265-уми шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб-Кулма суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, аз уҳдаи идораи он набаромада, ба чуқурии 23-метр сарозер шудааст. Дар натиҷа худи ронанда Каримҷон Муродбеков сахт ҷароҳат гирифта дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин рӯзи 25-уми феврал, ронандаи автомашинаи «Дэу-Нубира», Асал Фармонбекови 58 сола, сокини кӯчаи Ренини ноҳияи Фирдавсӣ, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Қаҳҳоров, дар рӯ ба рӯи бинои 524, воситаи нақлиётро идора карда натавониста, пиёдагард Тулган Полвонов, сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлонро пахш намудааст. Пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |