Хайруллоев Эронро аз пуштибонҳои қудратманди Тоҷикистон хондааст
Вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев, Эронро аз қудратмандтарин пуштибонҳои Тоҷикистон унвон кардааст. Дар ин бора рӯзи душанбе хабаргузории ИРНА иттилоъ дода, навишт, ин ҳарфҳоро ҷаноби Хайруллоев дар дидор бо сафири Ҷумҳурии Исломӣ дар Тоҷикистон, Алӣ Асғари Шеърдӯст, баён доштааст.
Вазири дифои Тоҷикистон дар ин дидори худ ҳамчунин ҳамтои эронияш Аҳмад Ваҳидиро барои сафар ба Тоҷикистон даъват кардааст. Бино ба гузориши ИРНА, сафири Эрон дар навбати худ таъкид карда, ки кишвараш омода аст бо Тоҷикистон ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши амниятӣ ва дифоиро тавсеа бубахшад.
Ин ҳарфҳо дар ҳоле баён шудаанд, ки Тоҷикистон дар гузашта низ аз артиши Эрон ситоиш карда буд. Моҳи сентябри соли 2011, ҳангоми таҷлил аз бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев гуфта буд, ки агар лозим ояд, артиши Эрон метавонад дар тӯли ду соат ба кумаки тоҷикон расад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |