Хуҷанд: Зан ҳамзисташро бо корд зада куштааст
Маъмурони пулиси Хуҷанд рӯзи 24-уми феврал ҷасади як мардро дар манзили истиқоматиаш бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт кардаанд.
Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ин мард Василий Бегачёви 47-сола, сокини маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд, будааст.
Манбаъ афзуд, "дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Василий Бегачёви дар ҳолати мастӣ бо ҳамзисташ Марина Шайхулинаи 45 сола, сокини шаҳри Қайроққум, муноқиша намуда, ӯро зери латту кӯб қарор додааст. Марина Шайхулина дар навбати худ бо корд 1 бор ба тани Василий задааст, ки дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст."
Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |