Вазир: Тоҷикистон ҳамсояҳоро бе об намегузорад
Раҳмат Бобокалонов, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар доираи як ҳамоиш дар Ню Йорк изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ муъҷиби коҳиши интиқоли об ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна нахоҳад шуд.
Тавре бахши робита бо ҷомеаи Созмони милали муттаҳид хабар медиҳад, Раҳмат Бобокалонов зимни мусоҳибааш бо Радиои СММ таъкид кардааст, ки Тоҷикистон имсол ҳам тамоми уҳдадориҳояшро оиди таъминоти об дар минтақа иҷро карда, мушкиле бо ҷараёни об тавассути дарёҳои марказии Осиёи Миёна - Амударё ва Сирдарё рух нахоҳад дод.
Ин дар ҳолест, ки вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон, аввали соли равон, дар робита ба масъалаи тақсими захоири об бо давлатҳои поёноби минтақа гуфт, "ҳатто Тоҷикистон дар соли 2012 аз лимите, ки барояш муқаррар шудааст, 1 миллиард мукааб об камтар истифода кардааст."
Ба қавли вазири мелиоратсияи Тоҷикистон, захоири оби кишвар мисли солҳои пешин ройгон ба ҳамсояҳо дода мешавад. Ҳарчанд ба қавли вазир "об дар ҷаҳон ҳамчун мол шинохта шуда, хариду фурӯш мешавад."
СММ ду сол пеш аз ҷумла бо ибтикори Тоҷикистон соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон карда буд. Дар ин робита дар назар аст, ки моҳи августи соли равон дар Душанбе ҳамоиши сатҳи баланд барои баррасии ҳамкориҳо дар бахши об доир шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |