Дар истироҳатгоҳи ноҳияи Варзоб «Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ» сурат пазируфт.
Дар ин ҳамойиш, ки охири ҳафтаи равон баргузор шуд, аз 22 ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ журналистон иштирок доштанд. Тибқи иттилои хабарнигори «Озодагон» маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши тоҷик оғоз бахшида гуфт, унвонии созмони мо аз сӯи ҷаноби Ҷиана Мерлло ,президенти Анҷумани байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) номаи табрикотӣ расидааст. Мерлло дар мактубаш навиштааст, ки ҳамаи хабарнигорони варзиширо бо иди касбиашон табрик мегӯям ва ба онҳо дар фаъолияташон комёбиҳо таманно дорам. Ҳамзамон, дар ин нишаст ба ширкатдорони ҷамъомад аз ҷониби садорати ассотсиатсияи мазкур тӯҳфаҳо ва ифтихорнома тақдим карда шуд.
Ёдрас менамоем, Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Дар айни ҳол, ин ташкилот иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 154 кишвари ҷаҳонро ба узвияташ пазируфтааст. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, (АЖРВТ) 25-уми январи соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе дар конфронси муассисон таъсис ёфта, аъзои фаъоли ин созмони байнулмилалӣ маҳсуб мегардад.
Мӯҳр