Бонки Ҷаҳонӣ 40%-и хароҷоти CASA-1000-ро ба уҳда гирифт

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, 40 дарсади хароҷоти хатти интиқоли барқи CASA-1000-ро ба уҳда мегирад.
Дар ин бора ба хабарнигорон Айбек Калиев, муовини вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон, рӯзи 22-юми феврал хабар дода ва илова намудааст, ки 20 дарсади дигарро Бонки Исломии Рушд маблағгузорӣ хоҳад кард. Ба қавли ӯ, ҷузъиёти маблағгузорӣ ва таъмини амнияти ин хат, моҳи март, зимни мулоқоти вазирони энержии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон баррасӣ хоҳад шуд. Ҷаноби Калиев афзудааст, "агар масъалаи маблағгузорӣ ҳал шавад, бунёди хат соли 2014 оғоз меёбад."
CASA-1000, ки барои интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ба масофаи 1300 километр тарҳрезӣ шудааст, наздики як миллиард доллари амрикоӣ арзиш дошта, яке аз мушкилоти татбиқи он, таъмини амнияташ дар ҳудуди Афғонистон арзёбӣ мешавад. Муовини вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон низ иқрор кардааст, ки таъмини амнияти ин хат дар ҳудуди Афғонистон омӯзиши ҷиддӣ мехоҳад ва ба гуфтаи ӯ дар минбаъда барои баррасии ин масъала ҷалби Русия низ дар назар аст. Афғонистон барои таъмини амнияти ин хат кирояи дастаи мудофеонро пешниҳод кардааст.
Дар мавриди нархгузориҳои нерӯи барқ, ки тавассути CASA-1000 интиқол дода мешавад, муовини вазири энержии Қирғизистон изҳор доштааст, ки айни ҳол ин масъала матраҳ аст ва аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори тоҷику қирғиз мавриди баррасӣ қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |