Афзоиши бемории қанд дар навоҳии куҳистон

Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон теъдоди гирифторони бемории диабети қанд дар ҳоли афзоиш будааст.
Бино ба иттилои Нуриддин Алихонов, мудири шӯъбаи амрози дарунии беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик, теъдоди гирифторони ин касалиро дар ҳоли ҳозир беш аз 300 нафар арзёбӣ кард. «Соли 2012-ум расман 270 бемор расман сабт шуда буд, аммо шурӯъ аз соли нав ин рақам аллакай ба 300 нафар расидааст»,- гуфт Алихонов.
Ба андешаи ӯ, солҳои Шӯравӣ ҳам беморони диабети қанд будаанд, вале бо иллати таҳлили нодуруст, ин касалӣ кашф намегашт. Номбурда сабаби авҷ гирифтани бемориро дар чанд соли ахир дар зиёд гаштани ғаму андӯҳ ва тарси ногаҳонии одамон унвон кард: «Агарчӣ ин маризӣ ирсӣ буда, аз насл ба насл гузаштан дорад, вале қисмати зиёди беморон баъд аз ваҳми ногаҳонӣ ва ғамгинии зиёд ба он мубтало мегарданд».
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, табобати беморӣ барои кӯҳистониҳо мушкили дигар будааст. Ӯ меафзояд, танҳо 20%-и дорувориро дорухона қудрати таъмин намудан дораду он ҳам ба ветеранҳои ҷангу меҳнат, камбизоатон ва дигар табақаи имтиёздор дода мешавад. Маризони дигар ҳамаи дорувориро худашон бояд дастрас намоянд.
Ба иттилои ғайрирасмӣ, теъдоди маризони диабети қанд дар ноҳия ба маротиб зиёданд, вале бинобар муроҷеъ нагаштан ба касалҳонаи ноҳиявӣ, ба қайд гирифта намешаванд. Ба иқрори ҷаноби Алихонов низ, қисмати зиёди беморон ба беморхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб барои муолиҷа мерафтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |