Мирослав Энча, фиристодаи вижаи дабири кулли СММ ва роҳбари маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда оид ба Осиёи марказӣ ба Душанбе ташриф меорад.
Давлат Назриев, сухангӯи маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷа зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, аснои боздиди ҷаноби Энча ба Тоҷикистон, масоили минтақавӣ матраҳ хоҳад шуд. Ташрифи ин масъули баландпояи СММ ба Душанбе барои нахустин бор набуда, ӯ аз қароргоҳашон – шаҳри Ашқободи Туркманистон зуд-зуд ба Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯоти мушаххас меояд. {jathumbnail off}
Мӯҳр