Чаро ҳар баҳор нархи чиптаи ҳавопаймо боло меравад?

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳар баҳору тирамоҳ, яъне мавсими рафту омади муҳоҷирон, нархи чиптаҳояшонро боло мебаранд. Масъулони ширкатҳо гароншавии нархи маводи сӯхтро баҳона пеш меоранд, вале сокинон мегӯянд, ин ширкатҳо аз фурсате, ки барояшон даст медиҳад, сӯистифода менамоянд. “Озодагон” аз масъулони ширкатҳои ҳавопйамоӣ ва коршиносон иллати болоравии нархи чиптаҳои ҳавопайморо пурсид.
Лола КЕНҶАЕВА, сухангӯи ширкати “ТоҷикЭйр”:
“Ин чиз мавсимист. Зеро аз ин тараф мусофир ҳасту аз тарафи дигар нест ва дар натиҷа ҳавопаймо холӣ бармегардад. Иллат дар ҳамин аст. Айни ҳол нархи чипта дар ҳудуди 50 евро боло рафтааст. Тамом шудани ин мавсим ҳам аз бозор вобаста аст. Агар теъдоди мусофирон коҳиш ёбад, нарх пасттар мешавад. Аз ин хотир, ҳавопаймо наметавонад он ҷо холӣ парвоз кунад.”
Барот ЮСУФӢ, журналист:
“Сабаби аслӣ афзоиши муштариёни ин ширкатҳост. Ман шоҳид будам, на танҳо дар фасли баҳор, балки дар рӯзе, ки замони парвоз наздиктар ва шумори ҷойҳо дар ҳавопаймоҳо камтар мешавад, қимати чиптаҳоро боло мебаранд. Ин як хусусияти тиҷоратии ҳамин ширкатҳост. Чун баҳор замони муҳоҷирати зиёди шаҳрвандони мо ба Русия аст, нархи чиптаро боло мебаранд ва медонанд, ки ба ҳар нархе бошад, муҳоҷирон онро харидорӣ мекунанд. Дар инҷо Хадамоти зидди инҳисории кишвар бояд дахолат карда нагузорад, ки ҳар ширкат ҳар тавре мехоҳад нархи чиптаҳояшро боло барад. Сатҳи иҷтимоии мардумро ҳам бояд ба назар гиранд. Чун мардуме, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, худ ниёз ба ҳамон муҳоҷирон доранд. Назорати ҳукумат ҳам аз болои ширкатҳо бояд ҷиддитар бошад.”
Темур БАНДИШОЕВ, масъули дафтари матбуоти “СомонЭйр”:
“Ширкати ҳавопаймоии "СомонЭйр" дар давраи мавсими баҳори соли 2013 гарон кардани арзиши чиптаҳои авиатсиониро ба самтҳое, ки парвозро ба анҷом мерасонад, ба нақша нагирифтааст. Нархи тарифҳо мисли пештара хоҳад монд. Аммо, агар нархи сӯзишворӣ ё хизматрасонӣ дар фурудгоҳ баланд шавад, ширкат маҷбур мешавад, дар нархи тарифҳо тағйирот ворид кунад.”
Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон:
“Дар иқтисоди бозорӣ тамоми ширкатҳо ба мақсади дарёфти фоидаи бештар амал мекунанд. Чун талабот нисбат ба тобистону тирамоҳ ва дигар фаслҳо дар ин фасл зиёдтар аст, нархи чиптаҳоро гарон менамоянду даромади муфт мегиранд. Ин ба муносибатҳои иқтисодӣ ва арзиши аслии хизматрасониҳо ҳеч дахле надорад. Акнун дар ҷаҳони мутараққӣ чунин нест, мардуми соири мамолик дар ин ҳолатҳо даст ба митинг зада обрӯву нуфузи ингуна ширкатҳоро паст мезананд. Чун мо як кишвари дар ҳоли тараққӣ ҳастему таҷрубаи ончунонии хизматрасонӣ надорем, ҳамин ҳолатҳоро истифода мебаранд.”
Саймаҳмад САНГОВ, муҳоҷир:
“Чун дар баҳор шаҳрвандони мо ба Русия зиёд мераванд, талабот ҳам ба ҳамин хотир афзоиш меёбад ва нархи чиптаҳои ҳавопаймо боло меравад. Дар тирамоҳ баръакс ҳиҷрати шаҳрвандон ба Русия кам мешавад ва барои ҳамин дар ин давра нархи чипатҳо коҳиш меёбад. Дар зимистон низ ба сабаби он ки муҳоҷирон аз Русия бо теъдоди бештаре бармегарданд, аз он тараф нархи чиптаҳо гарон мешавад. Дар маҷмуъ афзоиш ёфтани нархи чиптаҳо ба боло рафтани талаботи шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷират марбут мешавад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |