Миллиардерҳои тоҷик. Кистанд онҳо?
Абдулазизи ВОСЕЪАз субҳ фикрамро миллиону миллиард машғул доштааст, миллиону миллиард доллар ва онҳое, ки ин маблағҳоро доранд. Албатта, гап сари шаҳрвандони Тоҷикистон меравад, ҳарчанд ба ин мавзӯъ баъд аз як хабар дар бораи миллиардерҳои рус таваҷҷуҳам бештар шуд. Бино ба ин хабар, дар 12 моҳ теъдоди миллиардерҳои Русия 12 дарсад бештар гардидааст, ки дараҷаи рекордист.
Радиои Озодӣ дар матлабе теъдоди миллиардерҳои долларии Русияро 131 нафар нишон додааст. Танҳо дар соли 2012 онҳое, ки миллиард доллар доранд, 11 нафар зиёд шудаанд. Далели бештар шудани миллиардерҳоро расонаҳои русӣ коҳиши қурби доллар унвон кардаанд. Бархе аз коршиносон бошанд, ба ин назаранд, ки боло рафтани теъдоди миллиардерҳо ба афзоиши содироти маводи хом аз Русия бастагӣ дорад.
Сарватмандтарин афроди Русия Алишер Усмонов, асосгузори ширкати "Металлоинвест" ва саҳоми Facebook, будааст. Дар соли гузашта дороии вай қариб ба 19 миллиард доллар расидааст. "Соҳибкороне чун Владимир Лисин, Виктор Векселберг, Михаил Фридман ва номзади пешини раёсатҷумҳурӣ Михаил Прохоров идома додаанд. Бузургтарин пешрафтро дар ин "нардбони сарват" Виктор Векселберг анҷом дод. Вай дар як сол якбора шаш зина боло рафт",-навиштааст Озодӣ. Дар феҳрасти миллиардерҳои Русия бештар тоҷирон ва қисме ҳам соҳибкорони соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ будаанд. Барои мисол, Евгений Касперский, муаллифи нармафзори зиддивирусӣ ё Аркадий Волож, раҳбари "Яндекс".
Рӯйхати миллиардерҳоро ҳамчунин Олег Дерипаска, раҳбари ширкати РусАЛ, Воҳид Алекперов, раиси ЛУКОЙЛ ва Роман Абрамович, соҳиби клуби футболи "Челсӣ" пурра мекунанд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, дороии онҳо дар якҷоягӣ 450 миллиард доллар буда, танҳо даҳгонаи аввал 147 миллиардро соҳибӣ кардааст. "Ин дар ҳоле ки пеш аз бӯҳрони молиявӣ даҳгонаи аввал дар якҷоягӣ соҳиби 220 миллиард доллар буд",-менависад манбаъ.
Қасру кушкҳои боҳашамат, мошинҳои гаронарзиш дар Тоҷикистон нишони мавҷудияти миллионерҳои сомонии кишваранд, аммо дар ин баробар ҳолдонҳо мегӯянд, кишвари мо ҳам бешак миллиардери долларӣ дорад ва шояд миллиардерҳои евроӣ низ кам набошанд. Аммо ба далели набудани иттилои кофӣ намешавад аз онҳо ном бурд. Бо вуҷуд дар матлаби Радиои Озодӣ гуфта шудааст, ки миллиардерҳои тоҷик сарвати худро бо ҳимояти давлат ва парлумон ҷамъоварӣ кардаанд: "Гуфта мешавад, бархе аз онҳо хешовандону наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мансабдорони дигари кишваранд". Воқеан, дар мавриди дороиҳои бархе мансабдорони кишвар миш-мишҳои зиёд аст. Мегӯянд, дар Аврупову Дубай манзилҳои маскуниву яхта доранд. Аммо чун иттилои расмӣ нест, намешавад ба онҳо такя кард. Агар соҳиби моликияте ҳам бошанд, ба эҳтимоли зиёд ба номи дигарон сабт аст, мисле, ки дар Тоҷикистон мекунанд.
Дар гузашта мавзӯи дороии шаҳрвандони Тоҷикистонро расонаҳо зиёд матраҳ кардаанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, аксари тоҷикистониён маблағҳои ҳангуфти худро дар бонкҳои хориҷи кишвар нигоҳ медоранд. Дар мавриди оффшор ҳам ҳарфҳо зиёданд. Тоҷикистониён маблағҳои ба роҳҳои мухталиф ба дастовардаро дар минтақаҳои оффшори Швейтсария, Люксембург, Бритониё, Амрико ва Сингапур мебаранд.
Тақрибан шаш моҳ қабл Tax Justice Network, як муассисаи мустақили бритониёӣ, навишт, ки то соли 2011 аз Тоҷикистон 2 миллиарду 300 миллион доллар ба минтақаҳои оффшорӣ рафтааст, ки баробари 82 дарсади ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар аст, ки ду соли пеш тақрибан 3 миллиард долларро ташкил медод. Агар ба ин омор бовар намоем, пас, Тоҷикистон имкон дорад, нерӯгоҳи Роғунро бидуни мушкил бунёд намояд. Дар Тоҷикистон аз чанд ширкате ном бурда мешавад, ки дар минтақаҳои оффшорӣ сабт шудаанд. IRS, ки масъули ҷамъоварии маблағ дар ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахти кишвар бо шимоли он аст, аз ҷумлаи онҳост. То имрӯз соҳиби он ки дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст, барои мардум маълум нест ва касе ҳам ҷуръат карда "молики он манам" намегӯяд. Мақомот ҳам дар ин маврид хомӯширо авло медонанд ва маҳз ҳамин эълон накардани соҳиби ширкат сару садоҳо дар мавриди афроди наздик ба сарвари давлат будани онро ба миён овардааст.
Ахиран, Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бахше аз тиҷорати ширкати мавсум ба "Осиё Экспресс"-ро аз андоз озод кард, ки низ боиси сару садоҳо шуд.
Сарватмандони тоҷик аз имтиёзҳои минтақаҳои оффшорӣ истифода намуда, маблағҳои худро он ҷо мерезанд ва муътақиданд, ки касе наметавонад онро ошкор созад. Вазорати умури хориҷии Амрико ҳам дар гузорише соли сипаришуда навишта буд, ки раҳбарони Тоҷикистон ва хонаводаҳои онҳо ширкатҳои бузургеро зери даст доранд, ки ба хотири насупурдани молиёт онҳоро дар минтақаҳои оффшорӣ сабти ном кардаанд. Ба ҳар сурат, мақоли "шайтон ноумед"-ро шиор намуда, интизори рӯзе хоҳем нишаст, ки исми ширкатҳои бесоҳиб ошкор ва теъдоди миллиарддерҳои кишвар, новобаста аз сомонӣ ё доллару еврою юан доштанашон барои мардум рӯшан мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |