Мушкили мизоҷони ширкати «Мовароуннаҳр» ҳалли худро пайдо мекунад.
Зимнан, имрӯз дар Душанбе ҷаласаи саҳҳомони ин ҷамъият ва муштариёнаш баргузор гардид. Дар ҷаласа тасмими сарвари кулли ин ширкат Ҷӯрабек Охунов мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи ин қарор ҶММ «Мовароуннаҳр» тағйири шакли фаъолият карда, аз ин ба баъд ҳамчун ҷамъияти саҳҳомӣ (ҶСК) амал хоҳад кард. Раёсати ин ҷамъиятро Охунов, ки муассис ва саҳҳоми аслии ширкат аст, ба зимма мегирад. Интизор меравад, ҳафтаи оянда дар нишасти навбатии ҶСК «Мовароуннаҳр» аз ҷумлаи муштариён райиси ҷамъият интихоб гардад.
Ёдрас менамоем, чанд моҳ қабл аз ин сарвари ширкати хонасозии «Мовароуннаҳр»- Ҷурабек Охунов аз сӯи мақомоти қудратӣ боздошт гардида, мӯҳри ҷамъият низ мусодира гардида буд. Тафтишоти қазия бошад, аз ҷониби масъулини додситонии кулл ва Оҷонсии мубориза алайҳи фасод идома дорад.
Мӯҳр