Тавре хабаргузориҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳанд, бар асоси аҳдномаи мазкур дар сурати ронандагӣ намудан донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ карда хоҳад шуд.
Дар матни комили аҳдномаи мазкур, ки расонаҳои ин кишвар ба табъ расондаанд, омадааст, ки имзокунанда бо нишон додани макони таҳсил қавл медиҳаyд, ки дар давраи донишҷӯии худ, ҳатто дар айёми таътил ронандагӣ накарда, дар автомишинае, ки онро донишҷӯ идора мекунад, савор нахоҳад шуд. Дар ғайри ин сурат масъулони донишгоҳ ҳақ доранд ӯро аз донишгоҳ хориҷ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки чандин мавриди садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки донишҷӯён дар Туркманистон рух дода, шумораи зиёди намунаҳои он мунҷар ба ҳалокати садҳо нафар гаштааст.
Ёдрас менамоем, ки дар соли 2009 қонун дар бораи манъи ронандагии донишҷӯён қабул гардида, аз ноябри соли 2011 ба таври хаттӣ аз онҳо забонхат гирифта мешавад, ки ҳатто дар айёми таътил низ ронандагӣ накунанд.
Мӯҳр