Ин маросим дар назди муҷассамаи Қаҳрамонҳои ноҳияи дурдасти кӯҳистони Темурмалик созмон ёфт. Мирзохон Сангов, раиси ноҳия, сокинони Темурмаликро ба ин сана шодюош гуфта, ба зиёда аз 90 иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ, ҷанги Афғонистон, садамаи Чернобил ва ветеранҳои меҳнат тӯҳфаҳои моливу пулии мақомоти иҷроияро тақдим кард.
Ҳамчунин, роҳбарияти ноҳия ба хонаводаҳое, ки дар барқарорсозии ҳукумати Тоҷикистон фавтидаанд, рафта ва ба оилаҳои онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супурдаанд.
Гуфта мешавад, 95 дар сади тӯҳфагирон дар 20 соли ахир нахустин маротиба аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ қадрдонӣ шудаанд.
Мӯҳр