Даври 19-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.
Тавре Нуралӣ Хоркашев, ёвари президенти федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ин сабқатҳо бо натоиҷи гуногун ба поён расиданд. Дастаи «Энергетик» тими «Шодмон»-ро бо ҳисоби 3 бар 1мағлуб намуд, дастаи «Хуҷанд» дар майдони худ футболбозони «ССКА Помир»-ро қабул намуда бо ҳисоби 3 бар 4 бозиро бохт. Дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода «Регар ТАДАЗ» бо дастаи «Истиқлол»- бо ҳисоби 1 бар 0 даст боло гардид. Тими «Гвардия»-и Душанбе бошад, дар варзишгоҳи «Автомобилист» дастаи «Вахш»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 1 бар сифр шикаст дод. Бозӣ миёни дастаҳои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат мусовӣ (0:0) анҷом пазируфт.
Манбаъ афзуд, ҳамзамон имрӯз даври навбатии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якуми футболи мамлакат баргузор хоҳад шуд. {jathumbnail off}
Мӯҳр