Дониши сиёсии ҷавонони Суғд дар сатҳи паст қарор дорад
Парлумони ҷавонони Тоҷикистон (ПҶТ) дар Кохи матбуот мизи мудаввар ташкил намуд, ки дар он вакилони парлумони мазкур аз шаҳри Душанбе ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии мизи мудаввар «Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар» буд. Чун соли ҷорӣ маъракаи сиёсии интихоботи президентӣ дар пеш аст, вакилони парлумони ҷавонон дар вилояти Суғд дар байни донишҷӯёни макотиби олӣ пурсиш гузарониданд. Вакили парлумони ҷавонон Фаррух Ахмедов мегӯяд: «Мо дар байни 127 нафар донишҷӯён пурсиш гузаронидем. Пас аз пурсиши афкор маълум гардид, сатҳи дониши сиёсии ҷавонон дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Ҳатто баъзеяшон дар чанд сол як маротиба интихоботи раисҷумҳур дар кишвар баргузор мешавад, намедонанд».
Номбурда афзуд, онҳо нақша доранд, дар донишгоҳҳо ҷаласаҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил кунанд. Маврид ба ёдоварист, Парлумони ҷавонони Тоҷикистон 24 – уми майи соли 2010- ум аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» ташкил гардидааст.
Алъон парлумони мазкур 63 вакил дорад, ки аз он 25 нафарашон аз шаҳри Душанбе, 14 нафарашон аз вилояти Суғд, 11 вакил аз вилояти Хатлон, 8 нафар аз ВМКБ ва 5 аъзои дигарашон аз ноҳияҳои тобеи мамлакат мебошанд. Вакилони парлумон дар соле ду мародиби дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ мегузаронанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |