Ду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди латукӯб қарор гирифта, ноболиғон телефонҳои мобилӣ ва 3500 сомонии онҳоро тасарруф намуданд. Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, Фаридун Рӯзиев, донишҷӯи бахши 3-юми ДДҲБСТ ба мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд дар ин бора муроҷиат намудааст
Ба гуфтаи Рӯзиев, шахсони номаълум дар назди манзили иҷоравиаш, воқеъ дар маҳаллаи 33, ӯ ва рафиқаш Ҳаитҷон Ҳайдаровро латукӯб намуда, бо тариқи зӯроварӣ аз дасташон 2 адад телефони мобилии тамғаи «Сони Эрриксон», 2 адад симкорт ва 400 доллари амрикоӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 3650 сомониро аз худ намудаанд.
Манбаъ афзуд, аснои баргузории чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ғоратгарӣ ноболиғон-Далер Почоҷонов, Манучеҳр Ҳоҷиев ва Саиданвар Ахмедов, ки синашон аз 17 поин мебошад дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Мӯҳр