Ба гузориши хабаргузории «Reuters», даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Булғористон дар беш аз 10 шаҳру вилояти ин кишвар гирдиҳамоӣ намуда, хостори истеъфои ҳукумат ва дубора миллӣ шудани тақсими барқ шудаанд.
Гуфта мешавад, нархи барқ дар Булғористон, ки аз зумраи фақиртарин кишварҳои аврупоӣ ба шумор меравад, аз нигоҳи сиёсӣ ҳассос мебошад, ба хусус дар фасли сармо ва тақсими нерӯи барқ ба аҳолии ин кишвар тавассути ду ширкати хориҷӣ сурат мегирад.
Виллан Де Бройля, вазири иқтисодли Булғористон мегӯяд, тайи чанд рӯзи оянда тасмими ниҳоиро дар мавриди тақсими нерӯи барқ ба аҳолӣ хоҳанд гирифт.
Манбаъ афзуд, интизор меравад ҳукумати ин кишвар таҳти фишорҳо дубора онро дар ихтиёри худ бигирад.
Мӯҳр