Тибқи иттилои дафтари матуботии райисҷумҳур, Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифааш озод гардида,
Рустам Латипов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ, иҷрокунандаи ин вазифа таъин карда шуд.
Ҳамчунин, ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов, роҳбари Маркази идораи лоиҳаи рушди деҳоти Тоҷикистон, таъин шуда, Баҳриддин Солиҳов, раиси ноҳияи Ҳисор, аз вазифа бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод карда шуд.
Мӯҳр