Бино ба иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, ташкилкунандагони он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Сугд ва сарраёсатии агентии хифзи иҷтимоӣ,шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд мебошанд.Муовини сардори сарраёсатии агентии хифзи иҷтимоӣ,шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд Мансур Тоҷиев иттилоъ дод, ки дар ярмаркаи мазкур кариб 200 корхонаю ташкилотҳо аз 14 шахру навоҳии шимоли кишвар зиёда аз 6 ҳазор ҷойҳои холии корӣ пешниход намуданд. Музди маоши ин ҷойҳои корӣ аз 200 то 1000- сомониро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, дар ин ярмарка 124 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд, 31 нафари дигар бошад ба касбомӯзӣ равон карда шуданд.
Маврид ба ёдоварист, дар соли 2012 дар ҳудуди вилоят 185 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд.
Мӯҳр