Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
Тавре сомонаи расмии президент иттилоъ медиҳад, дар нишаст бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаъолияти аз ҳама густурдаи СММ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Бо дастгирии 22 муассисаи СММ имрӯз дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ, обрасонӣ, энергетикаи хурд ва ғайра лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Зикр гардид, ки натиҷаҳои намоён ҳамчунин дар самти тоза кардани ҳудуди Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда ба назар мерасад. То имрӯз 85% заминҳое, ки дорои чунин моддаҳои хатарнок буданд, аз онҳо тоза карда шудаанд.
Манбаъ меафзояд, яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили глобалии об буд, ки моҳи августи соли 2013 дар доираи «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Маврид ба ёдоварист, соли 2013 бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби СММ «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» эълон гардидааст ва дар доираи ин ибтикор имсол дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон, аз ҷумла дар СММ чорабиниҳои гуногуни судбахш ба роҳ монда мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |