Консерти ҳунармандони туркман дар Душанбе
Имрӯз ҳайати 10 нафараи ҳунармандони маъруфи Туркманистон ба Душанбе омаданд.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, фардо 15-уми феврал дар толори Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни давлати Туркманистон ва Тоҷикистон барномаи ҳунарӣ баргузор менамоянд.
Ҳамчунин, рӯзи 16-уми феврали соли равон дар ноҳияи Ҷиргатол ҳунармандони туркман консерт медиҳанд. Дар он сарояндагони туркман бо сурудҳои фолклорӣ, миллӣ ва эстрадӣ фарҳанги худро дар кишвари мо муаррифӣ менамоянд. Баъди анҷоми консерти ҳунарии ҳунармандони Туркманистон расму мусаввараҳои рассомони машҳури ин кишвар ба намоиш гузошта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |