Кормандони шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ як ноболиғро бо исми Одинамад Шарипов, ҳангоми дуздида бурдани 4-сар гови як сокини ноҳияи Восеъ, дар рустои «Чорводорон»-и ҳамин ноҳия боздошт намуданд.
Бердӣ Пирмадов, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ мегӯяд, ноболиғ молҳоро пеш карда мебурд, ки 2-нафари дигар дар масофаи дуртар аз ў, аз қафояш мерафтаанд. Дар рафти тафтишот Шарипов иқрор гашт, ки он ду нафар таҳиягарони амалиёти дуздӣ будаанд. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ва нишондоди муҷрим, Қобил Холов, як сокини 32-солаи рустои Навободи ноҳияи Кӯлоб дастгир гардид. Дар тафтишоти пешакӣ, боздоштшуда ба гуноҳи дуздиаш пурра иқрор гардида, гузашта аз ин гуфт, ки дар дуздии 12-сар говони сокинони ноҳияи Восеву шаҳри Кӯлоб даст доштааст.
Ҳамчунин, ба иқрори ӯ, соли 2009-ум тақрибан соатҳои 2-и шаб, 5-сар говро аз рустои Кадучии ноҳияи Восеъ, аз таги дарахтон бурда, дар бозори ҷамоати Пахтакори ҳамин ноҳия ба маблағҳои аз яку ним то 2-ҳазор сомонӣ ба савдо задааст. Воқеан, ин ҳамон 5-сар гове буданд, ки соҳибаш Маҳмадӣ Убайдуллоев, дар як вохӯрии раиси вилояти Хатлон изҳор дошта буд, ки говонашро як корманди шӯъбачаи ҷустуҷўии ШКД ёфтаву барои бозгардониашон 3-гов талаб намудааст ва дар ин маврид хабаргузории «Озодагон» хабареро пахш карда буд. Дар ҳамин ҳол, боздоштшудаи ноболиғ мегӯяд, дар ин дуздиҳо ўро як сокини дигари шаҳри Кўлоб, бо исми Хуршед Табаров ёрӣ мекард.
Ба фарзияи Бердӣ Пирмадов, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ, ин гурўҳи мутташаккили дуздоне мебошанд, ки дар дуздии молҳои калону майдаи минтақа даст доранд. Полковник мегўяд, дуздон бо нақлиёти тамғаи Тангем «ба шикор» баромада, дар ҷои муайяне берун мешуданд. Ҳангоми барори «корашон», дар ҷои дигар моли дуздиро ба нақлиёти борбардор бор карда, фирор мекунанд. «Дар ҳоли ҳозир, тафтишоти парвандаи дуздӣ идома дошта, нафарони дигари шомил ба ин гурӯҳ мавриди санҷишу ҷустуҷӯ қарор доранд». {jathumbnail off}
Мӯҳр