Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, аснои мулоқот Шариф Раҳимзода ҷаноби Акбар Алӣ Песнаниро барои таъин шуданаш ба вазифаи Роҳбари Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Манбаъ инчунин қайд кард, ки зимни сӯҳбат ду ҷониб омодагии Вазорати рушди иқтисод ва савдоро ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.
Ҷаноби Акбар Алӣ Песнанӣ дар навбати худ иброз дошт, ки ба ҳайси роҳбари Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон баҳри пеш бурдани муносибатҳои мутақобила бо бисёр шарикони ҳавасманд, аз ҷумла, Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.
Сарчашмаи хабар афзуд, ки дар интиҳои мулоқот масъалаҳои рушди инфрасохтор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ дар соҳаи мухталифи иқтисод дар қаламрави кишвар ва ғайра мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Мӯҳр