Ҳайати 20-нафараи кормандони гумрук, ки алъон дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозомӯзи доранд, имрӯз дарсҳои амалиро дар фурудгоҳи Душанбе гузарониданд.
Бино ба иттилои Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе, ба системаи нави сабти номи мусофирон ва санҷиши бағоҷ гузашт ва технологияи нави роҳандозишуда тақозо менамояд, ки онро мутахассисони дорои дониш ва малакаи тахассусӣ идора намоянд. Дар сӯҳбат ноиби ректори Донишкада Манучеҳр Маҳмадҷонов гуфт, айни ҳол Донишкадаи дорои кафедраҳои ташкили назорати гумруки ва информатсионӣ ва кафедраи иқтисод, ҳуқуқ ва фанҳои махсус буда, пайваста барои баланд бардоштани тахассуси кормандони хадамоти гумрук курсҳои омӯзишӣ ташкил менамояд.
Ҳамзамон, сардори шӯъбаи раёсати ташкили назорати гумрукӣ Исмоил Сафаров муҳассилинро бо таҷҳизоти нави Рапискан, вазифаҳои таҷҳизоти нав ошно намуда, зимни сӯҳбат иброз дошт, ки гурӯҳе, ки алъон дарс мегиранд, барои фаъолият дар фурудгоҳи Душанбе омода мешаванд. Курсҳои бозомӯзӣ вобаста ба омӯхтани таҷҳизоти нав таҳти роҳбарии мутахассиси соҳаи электроникаи хадамоти истифодаи таъминоти радиотехники алоқаи фурудгоҳ Алифбек Одинаев мегузаранд. Дар назар аст, ки давра ба давра то 60 нафар кормандони хадамоти гумрук дар фурудгоҳи Душанбе такмили ихтисос кунанд. Дар курсҳои бозомӯзӣ кормандони гумрук аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ҳамчунин аз навоҳии тобеи марказ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мӯҳр