Тавре сомонаи расмии райисҷумҳур иттилоъ медиҳад, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин идораи молии байналмилалӣ, аз ҷумла рӯзномаи мизи мудаввари ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди АвруОсиё баррасӣ шуд.
Аз оғози сармоягузории ин бонк ба лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии он аз бонкҳои саҳҳомии кишвар изҳори хушнудӣ карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имконот ва арсаҳои густариши ҳамкорӣ дар оянда хеле зиёд аст.
Манбаъ афзуд, дар нишаст зикр гардид, ки Бонки рушди АвруОсиё ба сармоягузорӣ ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, пеш аз ҳама гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, сайёҳӣ ва ғайра манфиатдор аст. Ба гуфти Игор Финогенов, барои ин ҳадаф ҷудо намудани 130 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок дар назар аст.
Мӯҳр