
Бино ба қавли манбаъ, Абдулмаҷид Достиев, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Хэмиш Купер, Сафири Зеландияи Нав дар Федератсияи Русияро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот дар бораи вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кунунии Тоҷикистону Зеландияи Нав, тамосу ҳамкориҳо дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла, мулоқотҳои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ва масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мӯҳр